Ҳаким Фузайлов сармураббии нави “Хуҷанд” шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави “Хуҷанд” шуд

Футболбози машҳури тоҷик, сармураббии собиқи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов то охири мавсими имсола бошгоҳи лигаи олӣ – “Хуҷанд”-и Хуҷандро раҳбарӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи “Хуҷанд”, Никола Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳо дар байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад. Ҳоло ӯ дар зодгоҳаш дар Сербия ба сар мебарад.

“Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар клуб, дар паси мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни феълӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста ба сармураббӣ ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербия аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабе, ки ҳама мефаҳмад, надорад. Мо бо Ҳаким Қаюмович розӣ шудем, ки вай дастаро ба мусобиқаҳои дарпешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва шартнома то охири сол эътибор дорад”, – гуфт Муродҷон Умаров, мудири иҷроияи бошгоҳи “Хуҷанд”.

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст.

Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба “Помир”-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин даста аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба бошгоҳи “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.

Фузайлов баъди анҷоми фаъолияти бозигариаш ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта бошгоҳҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамдастаи собиқаш дар “Помир” Рашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.

Ҳаким Фузайлов моҳи январи соли 2016 муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 то марти соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Ҳаким Фузайлов дорои муҷаввизи дараҷаи “Pro” мебошад.

Назари худро бинависед