Лигаи якуми Тоҷикистон шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи якуми Тоҷикистон шурӯъ шуд

Лигаи якуми Тоҷикистон бо иштироки 13 дастаи шаҳру ноҳияи кишвар оғоз ёфт. Дебютанти лигаи якуми имсола “Помир”-Душанбе, ки аз ҳисоби бозигарони мунтахаби зери 16 солаи Тоҷикистон таъсис ёфтаст, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро қабул кард. Бозӣ бо ғалабаи минималии меҳмонон бо ҳисоби 1 бар 0 анҷом ёфт.

Дар бозии дигари даври ифтитоҳӣ “Ҳосилот”-и Фархор бар “МТО”-и Хуҷанд бо ҳисоби 4 бар 2, “Саройкамар”-и Панҷ дар майдони худ бар “Локомотив”-и Душанбе бо ҳисоби 3 бар 0, “Исфара” бар “Канд” бо ҳисоби 1 бар 0, “Панҷшер” бар “Зарафшон” бо ҳисоби 1 бар 0 ва “Кӯктош” бар “Чашма” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд.

Бо сабаби тоқ будани шумораи дастаҳои иштирокчӣ “Эсхата” дар даври аввал иштирок накард.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқа рӯзҳои 9-10 май баргузор мешаванд.

Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври аввал

МТО – «Ҳосилот» – 2:4

«Саройкамар» – «Локомотив» – 3:0

«Канд» – «Исфара» – 0:1

«Помир» – «Ҳулбук» – 0:1

«Панҷшер» – «Зарафшон» – 2:0

«Кӯктош» – «Чашма» – 2:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 1 1 0 0 3-0 3
2 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 4-2 3
3 «Панҷшер» (Румӣ) 1 1 0 0 2-0 3
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 1 1 0 0 2-0 3
5 «Исфара» (Исфара) 1 1 0 0 1-0 3
6 «Ҳулбук» (Восе) 1 1 0 0 1-0 3
7 «Помир» (Душанбе) 1 0 0 1 0-1 0
8 «Канд» (Конибодом) 1 0 0 1 0-1 0
9 МТО(Хуҷанд) 1 0 0 1 2-4 0
10 «Зарафшон» (Панҷакент) 1 0 0 1 0-2 0
11 «Чашма» (Шаҳритӯс) 1 0 0 1 0-2 0
12 «Локомотив» (Душанбе) 1 0 0 1 0-3 0
13 «Эсхата» (Хуҷанд) 0 0 0 0 0-0 0

Дар даври 2-юм вомехӯранд:
9 ма
й (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00

«Зарафшон» – «Кӯктош»
«Ҳулбук» – «Панҷшер»
«Канд» – «Помир»
10 май (якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«Локомотив» – «Исфара»
«Ҳосилот» – «Саройкамар»
«Эсхата» – МТО fruit warp slot machine

Добавить комментарий