Бохте, ки умеди мухлисонро ба оянда бедор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Бохте, ки умеди мухлисонро ба оянда бедор кард

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018, рӯзи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии дӯстонаи тими миллӣ бо мунтахаби Сурия баргузор гардид.

Новобаста ба сардиву боронии ҳаво, бештар аз 16 ҳазор мухлисон ба  дастгирии тими миллӣ омаданд. Бозӣ хеле пуршиддату шавқовар ва тамошобобу диданӣ доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонон анҷом шуд. Голҳои мунтахаби моро ниммуҳофизи «Истиқлол» Нуриддин Давронов ва ҳамлагари «Хуҷанд» Аҳтам Ҳамроқулов ба самар расониданд.

Дар мусоҳиба бо чанд нафар мухлисон бар он бовар шудем, ки онҳо аз бозии тими миллии Тоҷикистон қаноатманданд ва ба ояндаи футболи кишвар назари нек доранд. Ба гуфти онҳо ин бохт, бохте буд, ки умедашонро ба ояндаи футболи кишвар бедор кард.

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:3

Голҳо: Раҷа Рафеъ, 23 (0:1). Раҷа Рафеъ, 38 – аз пеналти (0:2). Нуриддин Давронов, 41 (1:2). Абдулразоқ Ал-Ҳусейн, 61 (1:3). Аҳтам Ҳамроқулов, 88 (2:3).

ТОҶИКИСТОН: Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев (Иброҳим Рабимов, 75), Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Аҳтам Ҳамроқулов, 69), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 74), Манучеҳр Ҷалилов (Фарҳод Тоҳиров, 64).

Сардовар: Виталий Мешков (Русия).

Ёварон: Дмитрий Мосякин, Максим Гаврилин (ҳар ду аз Русия).

Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадобоев (Тоҷикистон).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Давлатманд Исломов (Тоҷикистон).

31 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 16 000 тамошобинон.

Добавить комментарий