Вохӯрии гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Ҳисор – Федерация Футбола Таджикистана

Вохӯрии гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Ҳисор

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор вохӯрии гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев бо раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ доир ба иҷрои саривақтии нақша-чорабиниҳои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3 феврали соли 2025, ки дар мулоқот бо масъулони футболи мамлакат баён доштанд, маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои протоколӣ дар Варзишгоҳҳои марказӣ ва «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор варзишгоҳи «Ҷавонӣ» таъмиру тармим ва намолавҳаи электронӣ насб гардида, раванди корҳои омодагии насби системаи рӯшноидиҳӣ дар варзишгоҳи мазкур идома дорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ба раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода барои ҳамкориҳои судманд бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгириҳои ҳамешагӣ ҷиҳати рушди клуби футболи «Шодмон» изҳори сипос намуд.

Назари худро бинависед