Вохӯрии дӯстонаи дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русияро доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Вохӯрии дӯстонаи дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русияро доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунанд

Исми довароне, ки дар ду бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Русия кор хоҳанд кард, маълум шуд. 

Бозиҳои дарпешистодаи футзалбозони Тоҷикистону Русияро доварон аз Ӯзбекистон – доварони ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов ҳакамӣ мекунанд. Вазифаи доварони эҳтиётиро доварони ФИФА аз Тоҷикистон – Беҳрӯз Муртазоев ва Суҳроб Сатторов иҷро мекунанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 7 ва 8 ноябр бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Русия дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешаванд. Пас аз анҷоми рақобатҳо миёни мухлисон аз рӯйи чиптаҳо шаш смартфони Samsung Galaxy A03 ба бозӣ гузошта мешавад. 

Нархи чиптаи муқаррарии бозӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомонӣ аст. Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футзал даъват мекунем! Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

 

📆 8 ноябр (сешанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

Назари худро бинависед