Устураи футболи ҷаҳонӣ Пеле аз олам даргузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Устураи футболи ҷаҳонӣ Пеле аз олам даргузашт

Собиқ футболбози дастони бразилӣ Пеле дар синни 83-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ ягона қаҳрамони секаратаи Ҷоми ҷаҳон буд. 

Пеле дар ҳисоби худ се унвони қаҳрамонии ҷаҳон (1958, 1962, 1970), 92 бозӣ ва 77 гол дар ҳайати мунтахаби Бразилия дорад. Якҷоя бо Диего Марадонаи аргентинӣ ӯро ФИФА беҳтарин футболбози асри ХХ эътироф кардааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамроҳ бо тамоми ҷаҳони футбол андуҳгин аст…

Назари худро бинависед