Қуръапартоии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръапартоии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 баргузор гардид

Имрӯз, 7-уми март, дар маҷмааи «Кохи Парфенон»-и пойтахт маросими қуръапартоии тақвими бозиҳои 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2024 баргузор шуд.

Дар 33-юмин мавсими чемпионати Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунанд – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунода), «Барқчӣ» (Ҳисор) ва “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ).

Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел оғоз мегардад ва дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар натиҷаи бозиҳои 22 давр дастаи зинаи охирин ба лигаи якум мефарояд, чемпиони лигаи якум бошад мустақиман роҳхат ба лигаи олӣ пайдо мекунанд. Дастаи зинаи 11-уми лигаи олӣ бошад бо барандаи медалҳои нуқраи лигаи якум ду бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.

Вобаста ба рақамҳои тартибие, ки собиқадорони футболи тоҷик Суҳроб Ҳамидов ва Искандар Ҷалилов дар қураъкашӣ гирифтанд, тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Мувофиқи низоми Бергер, дар даври аввали 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳо ба таври зайл байни ҳам бозӣ мекунанд:

 

«Хуҷанд» – «Эсхата»

«Ҳосилот» – «Куктош»

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

«Барқчӣ» – «Равшан»

«Панҷшер» – КМВА

Назари худро бинависед