Қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2020

Имрӯз, 28 феврал, дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2020  байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид.

Дар чемпионати 29-уми Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ имсол даҳ даста – «Истиқлол», «Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», КМВА ВМ ҶТ, «Истаравшан», «Кӯктош», «Хатлон», «Локомотив-Помир», «Файзканд» ва «Душанбе-83» иштирок хоҳанд кард.

Қобили қайд аст, ки се дастаи ахирӣ имсол барои бори якум дар чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ ширкат меварзанд.

Маросими қуръакашӣ хеле бошукӯҳ ва идона сурат гирифт. Бо даъвати Лигаи футболи Тоҷикистон қуръакашии чемпионати имсоларо футболбозони собиқи тими миллии Тоҷикистон Зокир Бердиқулов, Иброҳим Рабимов, Алексей Негматов ва Мансур Ҳпкимов гузарониданд. Пеш аз шуруи маросим Ҷоми чемпиониро яке аз серуновонтарин футболбозони тамоми чемпионатҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон – Хуршед Маҳмудов ба саҳна баровард.  Мавсуф дар давоми собиқаи бозигарияш дар ҳайати дастаҳои “Варзоб”, “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” ба гирифтани унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб шудаст.

Аз рӯи анъана аввал қуръакашии ду қисми аввали чемпионат ва баъдан қисмати сеюми ҳалкунандаи он баргузор гардид. Барои муайян намудани рақамҳои тартибии дастаҳо дар ду қисми аввали чемпионати имсола бозингарони собиқи тими миллии Тоҷикистон Иброҳим Рабимов ва Зокир Бердиқулов қуръакашӣ намуданд.

Мутобиқи қуръакашӣ дастаҳо рақамҳои зеринро соҳиб шуданд:   

1. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

2. «Душанбе-83» (Душанбе)

3. КМВА (Душанбе)

4. «Хатлон» (Бохтар)

5. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

6. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7. «Истаравшан» (Истаравшан)

8. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

9. «Истиқлол» (Душанбе)

10. «Файзканд» (Восеъ)

 

Мутобиқи натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввали чемпионати имсола дастаҳо ба тартиби зайл вомехӯранд:

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

КМВА – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

 

Пас аз анҷоми қуръакашии тақвими ду даври аввали чемпионати имсола, барои муайян намудани дастаҳои мизбон ва меҳмони қисми сеюми чемпионат собиқ бозингарони тими миллии Тоҷикистон Мансур Ҳакимов ва Алексей Негматов ба саҳна даъват гардиданд.

Мутобиқи қуръакашӣ дастаҳо рақамҳои зеринро соҳиб шуданд:

1. «Истаравшан» (Истаравшан)

2. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4. КМВА (Душанбе)

5. «Душанбе-83» (Душанбе)

6. «Локомотив-Помир» (Душанбе)

7. «Файзканд» (Восеъ)

8. «Хатлон» (Бохтар)

9. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

10. «Истиқлол» (Душанбе)

 

Мувофиқи ҷадвали Бергер дар даври аввали қисми сеюми чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба тартиби зайл вомехӯранд:

«Истаравшан» – «Истиқлол»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

КМВА – «Файзканд»

«Душанбе-83» – «Локомотив-Помир»

 

Тақвими чемпионати 29-уми Тоҷикистон ба таври анъанавӣ тибқи принсипи “оина” бо истифода аз ҷадвали шоҳмотбоз ва олими маъруфи австриягӣ Бергер тартиб дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки мувофиқи Низомнома чемпионати имсола байни дастаҳои Лигаи олӣ дар се қисм доир шуда, ҳар як даста 27 бозӣ мегузаронад. Дастаҳои дар мусобиқаи имсола дар лигаи олӣ ҷойҳои ахирии – нуҳуму даҳумро ишғолкарда, ба Лигаи якум мегузаранд. Ғолиб ва ҷоизадори имсолаи медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон бошанд, дар мавсими соли 2021 ба ҳаққи иштирок дар Лигаи олии Тоҷикистон шарафёб мешаванд.

Назари худро бинависед