Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Дар натиҷа ҷуфтҳои даври ниманиҳоӣ муайян шуданд. «Барқчӣ» – «Ҳосилот» ва «Панҷшер» – «Ҳулбук» дар даври ниманиҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо рӯзи 17 феврал дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ ба финал роҳ меёбанд ва дастаҳои мағлубшуда барои зинаи сеюм рақобат мекунанд. Бозиҳои ниҳоии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.
Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.