Тоҷикистон – Урдун: пагоҳ дар меҳмонхонаи «Румӣ» нишасти хабарии пеш аз бозӣ баргузор мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон – Урдун: пагоҳ дар меҳмонхонаи «Румӣ» нишасти хабарии пеш аз бозӣ баргузор мегардад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Рӯзи 15 ноябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе дар остонаи бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон-Урдун нишасти хабарии пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Оғоз – соати 11:00.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва сарвони тими миллӣ Аҳтам Назаров ба саволҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд дод. Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби яккачини Урдун сармураббӣ Ҳусейн Аммут ва яке аз бозигарон ширкат мекунанд.

Пеш аз нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО метавонанд барои инъикоси ин бозӣ аккредитатсияи худро дастрас кунанд.

Назари худро бинависед