Тоҷикистон – Русия: як ҳафта то бозӣ дар Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон – Русия: як ҳафта то бозӣ дар Душанбе

То бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия расо як ҳафта боқӣ мондааст.

Имрӯз, 10 ноябр тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагиро ба вохӯрии дарпешистода бо иштирокчии даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018 – мунтахаби Русия оғоз мекунад.

17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мегардад. Чиптаҳои бозӣ охири ҳафта ба фурӯш мебароянд. Нархи чиптаи муқаррарӣ 30 сомонӣ ва VIP 100 сомонӣ мебошад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед