Тими миллии Тоҷикистон: вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Малайзия – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон: вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Малайзия

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ дар Куала-Лумпур бо бозигарон ва ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Вохӯрӣ дар меҳмонхонаи «Dorsett Grand Subang» дар фазои гарму самимӣ гузашт. Зимни мулоқот бо даста сафир ба ҳамаи дастаи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии 42-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека» муваффақият таманно намуд. Дар бозии ниҳоии мусобиқот тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Малайзия бозӣ мекунад. Ин дидор 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед