Тими миллии Тоҷикистон бо Уганда дар “Ҷоми Наврӯз-2022” дар Намангон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бо Уганда дар “Ҷоми Наврӯз-2022” дар Намангон бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022” иштирок мекунад. Мусобиқа аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад.

Дар “Ҷоми Наврӯз-2022” чор дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда бозӣ мекунанд. Дар бозии 1/2 ниҳоӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо Уганда ва Узбекистон бо Қирғизистон рақобат мекунанд. Рӯзи 29-уми март бошад ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои бозиҳои ниманиҳоиро бохта, дар бозӣ барои ҷои сеюм вомехӯранд.

Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи “Навбаҳор” дар шаҳри Намангон баргузор хоҳанд шуд. Ташкикунандаи мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” Ассотсиатсияи футболи Узбекистон мебошад.

 

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022”

Бозиҳои ниманиҳоӣ

25 март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Узбекистон – Қирғизистон

29 март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

20:00 – Финал

Назари худро бинависед