Тими миллии Тоҷикистон ба хайрият ба Дубай расид – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба хайрият ба Дубай расид

Тими миллии Тоҷикистон имрӯз ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ сафар карда, ба хайрият ба Дубай расид ва дар меҳмонсарои “Ҳилтон” ҷойгир шуд.

Дар Дубай дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Баҳрайн (7 ноябр) ва Аморати Муттаҳиддаи Арабӣ (12 ноябр) бозиҳои санҷишиву дӯстона мегузаронад. Дар ин сафар сармураббӣ Усмон Тошев бо худ 25 футболбозро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофизатгар, 9 кас ниммуҳофизатгар ва 5 кас ҳамлагар мебошанд.

Ниммуҳофизи “Локомотив”-Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев дар бозии якуми тими миллии кишвар муқобили мунтахаби миллии Баҳрайн иштирок намекунад. Парвизҷон рӯзи 8 ноябр бо тими миллии кишвар дар Дубай ҳамроҳ мешавад.

Бегоҳи имрӯз тамрини даста нақшагузорӣ шудааст.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн (7 ноябр) ва АМА (12 ноябр):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Мухриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»);

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғоистон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Шервони Мабатшоев (КМВА), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз «Истиқлол»), Тоҳир Малодустов («Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Назари худро бинависед