Тими миллии Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии нави ФИФА, ки 19 январ дар сомонаи расмии ин созмон нашр шуд, беҳтар кард.
Дар муқоиса бо нашри қаблӣ даста як зина боло рафт ва ҳоло бо 1224.93 хол дар ҷойи 100-ум қарор дорад.
Тоҷикистон айни замон байни дастаҳои Осиё дар ҷойи 17-ум аст.
Дастаи миллии Тоҷикистон бозии навбатии худро 31 март дар шаҳри Ҳисор анҷом медиҳад. Яккачини кишвар дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.
Нашри раддабандии навбатии ФИФА 1 апрел ба нақша гирифта шудааст.