Тими миллии русия 15 ноябр ба Душанбе меояд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии русия 15 ноябр ба Душанбе меояд

Дастаи мунтахаби Русия таҳти роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин рӯзи 15 ноябр барои бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе меояд. 

Ҳайати тими миллии Русия тариқи хатсайри чартерӣ аз Москва ба Душанбе меояд. Тахминан ҳавопаймои ширкати «Аэрофлот» соати 21:30 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Дастаи мунтахаби Русия баъди расидан ба пойтахти Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хилтон» ҷойгир карда мешавад. 

Мунтахаби Русия рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрини пеш аз бозӣ анҷом медиҳад. Машқҳо соати 20:00 оғоз мешаванд. Сабти 15 дақиқаи аввали тамринҳо барои намояндагони ВАО, ки аз аккредитатсия гузаштаанд, иҷозат дода мешавад. Сипас, соати 21:15 дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ширкати сармураббии тими миллии Русия Валерий Карпин ва яке аз бозигарони даста нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мегардад.

Назари худро бинависед