Тими миллии футзали Русия барои баргузории бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Русия барои баргузории бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омад

Ноибқаҳрамони Аврупо, тими миллии футзали Русия барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон бегоҳи имрӯз вориди Душанбе гардид. 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати тими Русияро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд. Дастаи футзали Русия баъди расидан ба пойтахти Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Румӣ» ҷойгир карда шуд. 

Сармураббии тими миллии Русия Константин Маевский ба Душанбе 14 футзалбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигарро овардааст.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва  маҷмааи варзиши обии Душанбе бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Русия баргузор мешаванд. Вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мегарданд. Пас аз анҷоми бозиҳо шаш смартфони Samsung Galaxy A03 байни мухлисон аз рӯйи чиптаҳо ба бозӣ гузошта мешавад. 

Нархи чиптаи муқаррарӣ 30 сомонӣ ва чиптаи VIP 100 сомонӣ аст.  Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футзал даъват мекунем! Биёед якҷо дастаи миллии худро дастгирӣ кунем!

 

Ҳайати мунтахаби футзали Русия барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон: 

Дарвозабонҳо: Дмитрий Путилов (КПРФ, Москва), Николай Балашов («Норникел»-и Норилск); 

Бозигарон: Андрей Понкратов, Павел Симаков (ҳарду аз «Газпром-Югра», Югорск), Дмитрий Зайтсев, Сергей Денисов (ҳарду аз «Торпедо», Нижний Новгород), Янар Асадов, Андрей Заболонков, Артём Ниёзов (ҳама аз КПРФ, Москва), Павел Карпов, Егор Шишкин, Никита Фахрутдинов (ҳама аз «Синара», Екатеринбург), Михаил Москалёв, Антон Рубтсов (ҳарду аз «Ухта»).

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

 📆 7 ноябр (душанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

 

📆 8 ноябр (сешанбе)

 ⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ

Назари худро бинависед