Тими миллии бонувони Тоҷикистон дар Душанбе ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шудааст – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии бонувони Тоҷикистон дар Душанбе ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шудааст

Тими миллии бонувони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар Душанбе машқҳои дастаҷамъиро ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои дӯстона муқобили дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз кардааст.

Машқҳо дар пойтахт то 26 феврал идома хоҳанд ёфт. 27 феврал бонувони тоҷик ба шаҳри Дубай сафар карда, онҷо бо яккачини Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 1 ва 5 март баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед