Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар вилояти Хатлон – Федерация Футбола Таджикистана

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар вилояти Хатлон

Имрӯз, 23 май дар варзишгоҳи «Вахш»-и шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, варзишгарон, собиқадорони футбол, ҷавонон ва дӯстдорони ин намуди машҳури варзиш баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Онҳо туҳфаҳои хотиравиро ба кӯдакон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ тақдим намуданд.

Пас аз қисмати расмии чорабинӣ фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар он футболбозони наврас, дастаҳои маҳаллӣ ва дӯстдорони футбол ҳунарнамоӣ намуда, бо намоиши маҳорати хуби варзишии худ диққати мухлисонро ҷалб карданд.

Дар анҷом, акси хотиравӣ бо ширкати меҳмонон, варзишгарон ва иштирокчиёни чорабинӣ гирифта шуда, Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фазои дӯстию рафоқат ба поён расид.

Назари худро бинависед