Рӯзи 20 ноябр, дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор ҷаласаи васеи Шӯрои кумитаи техникии ФФТ баргузор шуд. Дар он татбиқи нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон – “Орзу-2026” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи Шӯрои кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки шаш соат идома кард, Ноиби аввали президенти ин ташкилот Хуршед Мирзо, Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, Котиби генералӣ Давлатманд Исломов, директори техникӣ Салоҳиддин Ғаффуров, роҳбарони департаментҳои ФФТ, директорони Лигаҳои футболи кишвар ва Академияи футболи ФФТ, инчунин роҳбарон ва намояндагони Федератсияҳои футболи Душанбе, Хатлон, Суғд ва Рашт ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи шахсони масъул оид ба корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи аввали татбиқи нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон ва нақшаҳо то соли 2023 шунида шуд.
Дар нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон – “Орзу-2026” даҳ самти асосии рушди футбол дар кишвар, аз ҷумла инфрасохтор, маркетинг, лигаи миллӣ, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, такмили футболи наврасон, маълумот, рушди федератсияҳои минтақавӣ, футзал, футболи занон ва рушди доварӣ муайян карда шудааст.
Дар ҷараёни ҷаласаи васеи Шӯрои кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар шакли муколамаи кушод баргузор гардид, иштирокчиён рӯйхати мавзӯъҳо ва масъалаҳоеро тартиб доданд, ки бояд дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбанд.