«Соро компания» дар оғози марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 аз «Амонатбонк» шикаст хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» дар оғози марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 аз «Амонатбонк» шикаст хӯрд

Пас аз танаффуси якмоҳаи марбут ба омодагӣ ва ширкати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оғоз шуд.

Дар бозии марказии даври шашум қаҳрамони феълии кишвар «Соро компания» аз дебютанти мусобиқот «Амонатбонк» бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрд. Аз ҳайати «Амонатбонк» Фаридун Неъматов муаллифи хет-трик шуд.

Аз иштибоҳи «Соро компания» «Истиқлол» истифода карда, бар «Истаравшан» ғалабаи калон (7:0) ба даст овард ва дар ҷадвали чемпионат мақоми аввалро касб кард.

«Пойтахт» дар ин давр дар меҳмонӣ бар «Самандар» (4:2) пирӯз шуд.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2023

Даври 6

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:7

Голҳо: Рустам Ҳамидов, 1 (0:1). Раҳмоналӣ Шарифов, 2 (0:2). Рустам Ҳамидов, 8 (0:3). Комрон Алиев, 12 (0:4). Некрӯз Идиев, 26 (0:5). Комрон Алиев, 35 (0:6). Шавкат Ҳалимов, 39 (0:7).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»).

5 август. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон». 200 тамошобин.

 

«Амонатбонк» – «Соро компания» – 6:3

Голҳо: Муҳаммадҷон Шарифов, 14 (0:1). Фаридун Неъматов, 20 (1:1). Фаридун Неъматов, 21 (2:1). Алӣ Моҳебалиён, 22 (2:2). Муҳаммадҷони Асламхон, 22 (3:2). Фаридун Неъматов, 29 (4:2). Насим Шарифов, 34 – автогол (5:2). Файзалӣ Сардоров, 35 (5:3). Фирӯз Сангов, 40 (6:3).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»).

5 август. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. 500 тамошобин.

 

«Самандар» – «Пойтахт» – 2:4

Голҳо: Рустам Назаров, 6 (1:0). Меҳроҷиддин Маҳмадшоев, 13 (1:1). Мавсар Давлатов, 20 (1:2). Абдулазиз Исҳоқов, 26 (1:3). Холмуъмин Ҳамроев, 30 (2:3). Абдулазиз Исҳоқов, 39 (2:4).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Сомон Асалшоев («Пойтахт»).

6 август Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар». 100 тамошобин.

Назари худро бинависед