«Соро компания» барои баромадан ба бозии ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021 қадами устувор гузошт – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» барои баромадан ба бозии ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021 қадами устувор гузошт

Дастаи футзали «Соро компания»-и Душанбе бар дастаи «Вавилон» бо ҳисоби бузурги 8 ба 3 зафар ёфта, барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистн-2021 қадами устувор гузошт.

Бозии ҷавобӣ байни дастаҳои «Вавилон» ва «Соро компания» рӯзи панҷшанбеи 4 ноябр, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, Оғози бозӣ – соати 14:00.

Ҷуфти дигари бозии ниманиҳоиро дастаҳои футзали «Сипар»-и Хуҷанд ва  «Истиқлол»-и Душанбе ташкил доданд. Ҳарду бозӣ байни ин дастаҳо рӯзҳои 4 ва 5 ноябр дар Маҷмааи варзишии “Қасри варзиш” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.

 

ЖАРА-Ҷоми футзали Тоҷикистон-2021

Бозиҳои нимманиҳоӣ

Бозиҳои якум

«Соро компания» – «Вавилон» – 8:3

ГолҳоИдрис Ёров, 5 (1:0). Сиёвуш Қаюмов, 7 (1:1). Комрон Алиев, 10 (2:1). Файзалӣ Сардоров, 11 (3:1). Файзалӣ Сардоров, 17 (4:1). Идрис Ёров, 22 (5:1). Насим Шарипов, 24 (6:1). Самад Шарипов, 25 (6:2). Муҳаммад Шарипов, 25 (7:2). Хуршед Маҳмудов, 28 (7:3). Комрон Алиев, 34 (8:3).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Файзалӣ Сардоров («Соро компания»).

2 ноябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ.

 

4 ноябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 12:00

«Истиқлол» – «Сипар»

Хуҷанд, Маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш»

 

Бозиҳои ҷавобӣ

4 ноябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 14:00

«Вавилон» – «Соро компания»

Душанбе, Маҷмааи варзишии кумитаи андози ҶТ

 

5 ноябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 12:00

«Сипар» – «Истиқлол»

Хуҷанд, Маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш»

Назари худро бинависед