Дар бозии ифтитоҳии мавсими нави футзали Тоҷикистон “Соро компания”-и Душанбе бар қаҳрамони амалкунандаи футзали Тоҷикистон – “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда, Суперҷоми футзали кишварро соҳиб гашт.
Бозӣ барои Супекрҷоми Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Голҳои ғолибонро Фирӯз Сангов ва Муҳсин Муҳаммадӣ ба ҳадаф расонданд.
Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2021
«Сипар» (Хуҷанд) – «Соро компания» (Душанбе) – 0:2
Голҳо: Фирӯз Сангов, 35 (0:1). Муҳсин Муҳаммадӣ, 37 (0:2).
«Сипар» (панҷгонаи аввалӣ): Фирӯз Бекмуродов, Дилшод Саломов, Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Шоҳрух Ҳамидов.
«Соро компания» (панҷгонаи аввалӣ): Мустафои Маҳдӣ, Идрис Ёров, Насим Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирӯз Сангов («Соро компания»).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
5 июн. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 1000 тамошобин.