Силсилаи бозиҳои бебохти мунтахаби Тоҷикистон барҳам хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Силсилаи бозиҳои бебохти мунтахаби Тоҷикистон барҳам хӯрд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими миллии Кувайт шикаст хӯрд ва силсилаи бозиҳои бебохташро, ки аз моҳи июни соли гузашта то инҷониб ҳафт ададро ташкил медод, барҳам зад.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Тоҷикистон 28 март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Кувайт баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов муаллифи гол шуд.

Ин бозии дӯстонаи дуюми дастаи мо дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март буд. Дар бозии якум 25 март мунтахаби Тоҷикистон дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб мусовӣ (0:0) намуд.

Ҳамакнун дастаи мунтахаби кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт моҳи май, ҳангоми омодагиҳоро ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз кардан, ҷамъ мешавад. Баргузории Чемпионати CAFA-2023 аз 9 то 20 июн ба нақша гирифта шудааст.

 

Бозии дӯстона

Кувайт – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Бадер Тарек Алӣ, 9 (1:0). Шабоиб Ал-Халди, 61 (2:0). Алишер Ҷалилов, 90 (2:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров (Шаҳром Самиев, 74), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрез Исломов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Шервонӣ Мабатшоев (Алишер Ҷалилов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Аз майдон ронда шуд: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон), 90.

28 март. Ал-Кувайт. Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад. 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед