Ширкати букмекерии «Parimatch» сарпарасти кулли Лигаи футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ширкати букмекерии «Parimatch» сарпарасти кулли Лигаи футболи Тоҷикистон шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии букмекерии «Parimatch» байни ҳам созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд, ки тибқи он яке аз бузургтарин букмекерҳо дар Аврупо ва ИДМ сарпарасти кулли ЛФТ шуд.

Созишнома се сол муҳлат дорад. Дар қарордод ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии «Parimatch Tоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов имзо карданд.

Тибқи созишномаи имзошуда, «Parimatch» сарпарасти асосии се мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон – чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ, Суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон дар мавсимҳои 2026-2028 мегардад.

Пас аз имзои созишнома ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода аз ширкати «Parimatch» барои дастгирии Лигаи футболи Тоҷикистон изҳори сипос карда, қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо чунин шарики бузург ва бонуфузи байналмилалӣ як қадами муҳим дар рушди футболи ватанӣ аст. Ӯ таъкид дошт, ки ин ҳамкорӣ ба рушди таваҷҷуҳи тиҷоратӣ ва расонаӣ, инчунин ба оммавияти бештари футбол дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Директори генералии «Parimatch Tоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов дар навбати худ зикр кард, ки ширкат бо Лигаи футболи Тоҷикистон чанд сол боз ҳамкорӣ мекунад ва ин муносибатҳо аллакай таъсирнок ва самарабахшанд.

Назари худро бинависед