Шикасти дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои араб-2021” дар Миср – Федерация Футбола Таджикистана

Шикасти дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои араб-2021” дар Миср

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои араб-2021” дар давлати Миср аз мунтахаби ҷавонони Марокко бо ҳисоби 6 бар 1 шикаст хӯрд.

Голи ягонаи дастаи моро Хусрав Тоиров ба нишон зад. Дар бозии дигари гурӯҳи “В”, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар он баромад мекунад, мунтахаби Амороти Муттаҳиддаи Арабӣ ба дарвозаи ҳамсолони худ аз Ҷибутӣ ҳашт голи беҷавоб зад.

Дар бозии даври дуюми мусобиқа мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23-юми июн бо АМА вомехӯрад. Ин бозӣ соати 22:00 ба вақти душанбе оғоз мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои араб” 16 дастаи мунтахаби ҷавонон ба чор гурӯҳ тақсим шуда, баромад мекунанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд.

 

Ҷоми миллатҳои араб-2021 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20 сола (U-20)

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Марокко – ТОҶИКИСТОН – 6:1

Голи Тоҷикистонро Хусрав Тоиров зад.

 

ОАЭ – Ҷибути – 8:0

 

Дастаҳо  Б Ғ М Б Т/Т И
1 АМА 1 1 0 0 8-0 3
2 Марокко 1 1 0 0 6-1 3
3 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 1-6 0
4 Ҷибути 1 0 0 1 0-8 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

23 июн (чоршанбе)

19:00 – Ҷибути – Марокко

22:00 – ТОҶИКИСТОН – АМА

 

Даври 3-юм

26 июн (шанбе)

22:00 – Марокко – АМА

22:00 – Ҷибути – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳзамони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Назари худро бинависед