Имрӯз, 28 ноябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои мураббиён баргузор гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар бораи кори худ дар соли сипаригардида гузориш пешниҳод карданд.
Дар ҷаласа ноибони президенти ФФT Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, котиби генералии федератсия Фурқат Ахмедҷонов, директори техникӣ Увайдо Давлатбеков ва мудири раёсати дастаҳои миллӣ Меҳроҷ Холов иштирок карданд.
Дар ҷаласа ҳисоботҳои мураббиёни тимҳои миллии гуногун шунида шуданд. Сармураббии дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини дар бораи омодагии даста ба Ҷоми ҷаҳон-2025 муфассал суханронӣ кард ва сабабҳои баромади номуваффақро дар мусобиқаи Қатар таҳлил намуд.
Сипас, сармураббии мунтахаби футзал Пайрав Воҳидов ҳисоботи фаъолияти худро ироа намуда, нақшаи омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, муайян кард.
Сармураббии дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов натиҷаи бозиҳои дӯстонаи охирро шарҳ дода, дар бораи омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, сухан гуфт.
Дар ниҳоят, иштирокчиён мубодилаи афкор карда, нақшаҳои рушди ояндаи дастаҳои миллии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.