Дар чаҳорчӯби иҷрои барномаи рушди лига ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё кори худро дар Тоҷикистон анҷом дод.
Ба ин ҳайат роҳбари бахши Осиёи Марказӣ Йогеш Десай, менеҷери бахши Осиёи Ғарбии КФО Шоҳин Раҳмонӣ ва мушовири барномаи рушди лигаи КФО Датук Стюарт Рамалингам шомиланд.
Дар ҷараёни сафар намояндагани КФО бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо намояндагони бошгоҳҳои лигаи олӣ, сарпарастон ва намояндагони телевизионҳо як қатор вохӯриҳои корӣ доир намуданд.
Илова бар ин, ҳайати КФО дар бозии даври 15-уми чемпионати Тоҷикистон-2025 байни бошгоҳҳои «Барқчӣ» ва КМВА (0:0) иштирок намуда, бо инфрасохтори Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, ки дар он бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025 ва мусобиқаи Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 баргузор мегарданд, шинос шуданд.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои стратегии рушди Лигаи футболи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Пас аз боздид ҳайати КФО тавсияҳое омода кард, ки дар татбиқи минбаъдаи барномаи рушди ЛФТ ба назар гирифта мешаванд.