Роҳбарияти ФФТ бо тими миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Роҳбарияти ФФТ бо тими миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар остонаи баргузории даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурони тими миллии кишвар мулоқот анҷом дод.

Вохӯрӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе, ки тими миллии мо онҷо қарор дорад, дар фазои озоду самимӣ доир гашт. Дар мулоқот бо дастаи миллӣ ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, дабири кулли Федератсияи футболи кишвар Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ҳузур доштанд.

Зимни суҳбат роҳбарияти ФФТ вазифаҳоеро, ки назди даста дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 гузошта шудаанд, баррасӣ намуда, ба онҳо дар бозиҳои дарпешистодаи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) муваффақият таманно карданд. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва капитани тими миллӣ Аҳтам Назаров аз номи даста ба роҳбарияти ФФТ барои таваҷҷуҳ, суханони нек ва таманниёти самимонаашон изҳори сипос намуданд.

Назари худро бинависед