Равзанаи гузаришии тобистона дар чемпионати Тоҷикистон-2023 то 28 июл идома хоҳад кард – Федерация Футбола Таджикистана

Равзанаи гузаришии тобистона дар чемпионати Тоҷикистон-2023 то 28 июл идома хоҳад кард

Дар чемпионати Тоҷикистон-2023 ҳафтаи гузашта равзанаи гузаришии тобистона боз шуда буд. Он то 28 июл давом мекунад – дар ин давра дастаҳои лигаи олӣ метавонанд, бозигарони навро ба ҳайати худ шомил созанд.

Давраи сабти ном барои дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон низ то 28 июл идома хоҳад кард. Баъди ин муҳлат бошгоҳҳои лигаи олӣ ва якум бозигарони навро дигар шомили ҳайат карда наметавонанд.

Нимаи дуюми мавсим бо бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, ки рӯзҳои 29 ва 30 июл дар назаранд, оғоз мегардад.

Назари худро бинависед