Равзанаи гузаришӣ дар Тоҷикистон 1 январ кушода шуда, то 5 март давом мекунад. Дар ин давра дастаҳо метавонанд, бозигарони навро ба қайд гиранд.
Мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон 6 март оғоз мешавад. Дар 35-умин чемпионат дувоздаҳ бошгоҳ иштирок мекунанд: «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Регар-ТадАЗ», «Сардор» (ҳарду аз Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд).
Ҳар як даста дар чемпионати Тоҷикистон-2026 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 дар ҷои охир қарор мегирад, ба лигаи якум меафтад, дар ҳоле ки дастаи ёздаҳум бо бошгоҳи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.