«Равшан» – «Марв»: 20 сентябр нишасти матбуотии пеш аз бозӣ доир мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» – «Марв»: 20 сентябр нишасти матбуотии пеш аз бозӣ доир мегардад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! 20 сентябр дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Нишаст дар толори меҳмонхонаи «Атлас» баргузор шуда, соати 12:00 оғоз мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ сармураббии «Равшан» Тоҳирҷон Муъминов, капитани бошгоҳи шаҳри Кӯлоб Холмурод Назаров ва аз ҷониби «Марв» сармураббӣ Виталий Алекперов ва бозигари даста Мердан Сапаров ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб медиҳанд.

Пеш аз баргузории нишасти матбуотӣ рӯзноманигороне, ки дархостҳои худро пешниҳод кардаанд, метавонанд бейҷҳои аккредитатсионии худро гиранд. Лозим ба таъкид аст, ки дар рӯзи бозии «Равшан» – «Марв» ба намояндагони ВАО аккредитатсия дода намешавад!

Назари худро бинависед