«Равшан» бозии якумашро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2024/25 бо «Моҳун Баган» мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» бозии якумашро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2024/25 бо «Моҳун Баган» мусовӣ кард

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Равшан» дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 нахустин бозиашро анҷом дод. Баромади аввали бошгоҳи шаҳри Кӯлоб хеле хуб анҷом ёфт – дастаи Масъуди Назарзод дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бо қаҳрамони Ҳиндустон – бошгоҳи «Моҳун Баган» мусовӣ кард.

Ин дидор рӯзи 18 сентябр дар варзишгоҳи «Вивекананда Юба Бҳарати Криранган»-и шаҳри Калкутта баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дарвозабони украинии «Равшан» Евгений Гритсенко беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар дидори дигари гурӯҳи «А» «Трактор»-и Эрон бар тими «Ал-Вакра»-и Қатар бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозии навбатии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2024/25 рӯзи 2 октябр муқобили тими «Ал-Вакра»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

 

Назари худро бинависед