Дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд ва Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо бошгоҳҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки вилояти Суғдро намояндагӣ мекунанд, ҷаласаи васеъ баргузор кард.
Дар ҷаласа ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, роҳбари шуъбаи иншооти варзишии Федератсияи футболи кишвар Абдураҳмон Охунзода ва роҳбарону намояндагони дастаҳои футболи минтақа иштирок карданд.
Зимни суханронии худ Раҷаб Аҳмадзода дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди инфрасохтори футбол дар вилояти Суғд, ки бозиҳои Лигаи олӣ, якум ва дуюмро баргузор мекунад, маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена», инчунин қароргоҳи дастаи футболи «Хуҷанд» бо майдони тамринӣ имсол дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.
Ғайр аз ин, раиси вилоят дар бораи рафти таъмири варзишгоҳи «Спартак»- и Хуҷанд, ки дар он курсиҳои пластикӣ иваз карда мешаванд ва насби системаи муосири равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ дод.
Раиси вилояти Суғд барои бошгоҳҳои футболи минтақа ҳадафҳои баландро дар Лигаи олии Тоҷикистон муқаррар карда, таъкид намуд, ки тими «Хуҷанд» бояд барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин, аз ҷумла унвони қаҳрамонӣ талош кунад.
Раҷаб Аҳмадзода дастаи «Парвоз»-ро бо пирӯзӣ дар мавсими гузаштаи Лигаи якуми Тоҷикистон табрик гуфта, ба даста дар Лигаи олӣ муваффақият таманно кард.
Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дастаҳои Лигаи олии вилояти Суғд бояд ҳаҷми маблағгузории худро афзоиш диҳанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки буҷаи солонаи бошгоҳҳо бояд ҳадди аққал 10 миллион сомонӣ бошад.
Таваҷҷуҳи махсус ба сару либоси дастаҳое, ки дар мавсими 2026 истифода хоҳанд бурд, инчунин вазъият ва дурнамои рушди дастаҳои занона, футзал ва мактабҳои футболи кӯдакону наврасон дар вилояти Суғд зоҳир карда шуд. Зарурати рушди ҳамаҷониба ва баробари футбол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла тақвияти корҳо дар минтақаҳо ва беҳтарнамоии базаи моддӣ-техникӣ таъкид гардид.
Дар охири ҷаласаи васеъ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода суханронӣ карда, ба дастаҳои вилояти Суғд дар мавсими нав муваффақият орзу намуданд ва аҳамияти равиши систематикиро барои рушди футбол дар минтақа – аз футболи кӯдакону наврасон ва занон то бошгоҳҳои касбӣ ва дастаҳои футзал арзёбӣ карданд.