Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихобии ФФТ тасдиқ карда шуд, ки дар он роҳбари ташкилот интихоб карда мешавад. Чорабинӣ рӯзи 16 декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и пойтахт баргузор хоҳад шуд.
Рӯзномаи Конфронс аз ҳафт масъала иборат аст:
1. Интихоби мақомоти кории Конфронс: котибот, комиссияи ҳисоби овозҳо ва комиссия барои тафтиши протокол.
2. Ҳисобот оиди фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2019.
3. Ҳисобот оиди фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои давраи ҳисоботӣ.
4. Оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
5. Интихоби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
6. Интихоби Ноиби аввал ва ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
7. Интихоби Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон.