Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе Академияи «Ювентус»-ро ифтитоҳ намуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе Академияи «Ювентус»-ро ифтитоҳ намуданд

13 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишии «ЮФСИ ҶИМ» (UFC Gym) ва Академияи футболи «Ювентус» иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. 

Маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти фароҳам гардида дар Академияи Ювентус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос гардида, ба иқдоми муассис баҳои баланд доданд. 

Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 17, дарозиаш 80 ва паҳноиаш 40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияҳои амалкунандаи “Ювентус” дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад. 

Ҳамзамон дар дохили майдон монитори калон бо баландии 14 метр ва дарозии 7 метр насб гардида, дар он рафти тамринҳо ба таври мустақим пахш мегарданд. Вақти таълим ва тамрини кӯдакону наврасони аз синни 5 то 16 сола оид ба футбол, тибқи методологияи “Ювентус” таваҷҷӯҳ ба қобилияти тактикиву техникӣ, усули бозӣ, паҳлуҳои варзишӣ, равонӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи бозингарон равона мешавад. Тибқи қарори роҳбарияти лоиҳа дар ҳар як гурӯҳ ду ҷой барои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҷудо шудаанд, ки бо тавсияи мураббиён ва гузаштан аз санҷиш ба тамринҳо ҷалб мешаванд. 

Усули академияи “Ювентус” ҳам таълим ва ҳам рушди малакаҳои футбол ва омӯзишиву тарбиявиро дар бар мегирад. Аз ҷанбаи фароғатӣ ва эҷодии бозии футбол сар карда, бозигарон ба фаъолиятҳое ҷалб карда мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо дар муҳити бехатар нигаронида шудаанд. 

Ҳадафи академия он аст, ки аз ҳисоби насли наврас футболбозони моҳирро тарбия намуда, дар оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам рушд бахшидани футбол дар мамлакат саҳмгузор бошад.

Назари худро бинависед