Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022: нишасти пеш аз бозӣ баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022: нишасти пеш аз бозӣ баргузор шуд

Дар остонаи бозии Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе ҷамъомади пеш аз бозӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, масъулони бозӣ, инчунин намояндаҳои дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ширкат намуданд.

Зимни ҷамъомад масъалаҳои ташкилии вохӯрии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, шакли либосҳои ҷонибҳо дастаҳо тасдиқ карда шуданд.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар беҳтарин дар ин муддат ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолибро дар силсилазарбаҳои 11-метра маълум месозанд.

Қобили зикр аст, ки бозӣ барои дарёфти Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» рӯзи 8 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 16:30 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

 

Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2022

8 май (якшанбе)

Оғоз – соати 16:30

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Довари марказӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода).

Доварони иловагӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Назари худро бинависед