Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон ва дастаи «Соро компания»-и Душанбе Пайрав Воҳидов дар доираи барномаи «Level-3» оид ба футзал, ки як рӯз пеш дар Тошканд шуруъ шуд, машғулияти омӯзишӣ мегузарад.
Инструкторони курсҳо дастурдиҳандаҳои КФО Ҳусайн Шамс ва Мотамеди Пежман мебошанд. Барномаи курсҳои мураббигӣ, ки то 18 декабр идома мекунад, аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборатанд. Иштирокчиёне, ки курси омӯзиширо бомуваффақият хатм мекунанд, соҳиби сертификати «Level-3»-и КФО мешаванд, ки бо иҷозатномаи мураббигии «Pro» дар футбол баробар аст.