Пагоҳ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов бозии якуми худро доир мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов бозии якуми худро доир мекунад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов пагоҳ, 23 август аввалин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов доир мекунад. 

Дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд. 

Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

 

Мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни дастаҳои то 16-сола

Даври 1

22 август (душанбе)

19:00 – Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

23 август (сешанбе)

16:00 ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

 

Даври 2

25 август (панҷшанбе)

16:00 – Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Кибрай»

17:00 – Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».

 

Даври 3

27 август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 – Ӯзбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед