Пагоҳ марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад

Фардо, 14-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад. Дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мубориза мебаранд.

Дар остонаи оғози марҳилаи интихобӣ имрӯз, 13-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либосҳои дастаҳои иштирокчӣ тасдиқ карда шуданд.

Пагоҳ, 14-уми сентябр тими ҷавонони мо бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гурӯҳи «I» бо дастаи Сингапур барпо менамояд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Қобили зикр аст, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегирад, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-20), ки аз 1-уми март то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

🏆 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола

🔥 Гурӯҳи «I»

📋 Иштирокчиён: 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН, 🇰🇭 Камбоҷа, 🇱🇧 Лубнон, 🇸🇬 Сингапур.

 

️ Даври 1

📆 14 сентябр (чоршанбе)

17:00 – 🇰🇭 Камбоҷа – 🇱🇧 Лубнон

20:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇸🇬 Сингапур

 

️ Даври 2

📆 16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – 🇸🇬 Сингапур – 🇰🇭 Камбоҷа

20:00 – 🇱🇧 Лубнон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

️ Даври 3

📆 18 сентябр (якшанбе)

17:00 – 🇱🇧 Лубнон – 🇸🇬 Сингапур

20:00 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇭 Камбоҷа

 🏟 Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед