Пагоҳ даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «E» оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «E» оғоз мешавад

Пагоҳ, 26-уми апрел дар Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи 17-сола дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад.

Дар арафаи оғози даври интихобӣ дар гурӯҳи «Е» дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иштироки комиссар, нозири доварон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин дастаҳои Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳонконг ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ муҳокима шуда, ранги либоси иштирокчиён тасдиқ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои духтарони то 17-сола ғолибони ҳашт гурӯҳ ба марҳилаи навбатии мусобиқот роҳ меёбанд.

 

🏆 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола

📋 Гурӯҳи «Е»: 🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ, 🇭🇰 Ҳонконг, 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН.

 

⚽️ Даври 1

📅 26 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 18:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ

 

⚽️ Даври 2

📅 28 апрел (ҷумъа)

Оғоз – соати 18:00

🇭🇰 Ҳонконг – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

⚽️ Даври 3

📅 30 апрел (якшанбе)

Оғоз – соати 18:00

🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ – 🇭🇰 Ҳонконг

Назари худро бинависед