Пагоҳ дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни духтарони то 17 сола шурӯъ мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни духтарони то 17 сола шурӯъ мешавад

Пагоҳ, 3-юми июл, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чемпионати Созмони футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои футболи духтарони навраси то 17 сола оғоз меёбад. Дар мусобиқа чор дастаи футболи духтарони навраси то 17 солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.

Дар чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои футболи духтарони навраси то 17 сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Бозиҳои мусобиқа ду қисми иборат аз 40 дақиқагӣ мебошанд.

Ҳамагӣ дар доираи ин мусобиқа 6 вохӯрӣ баргузор мешавад. Бозиҳо бе иштироки мухлисон доир шуда, тибқи Низомнома аз рӯи ҷадвали даврӣ дар як қисм баргузор мегарданд ва дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои ба даст овардааш муайян мегардад.

 

Чемпионати CAFA-2021 байни духтарони то 17 сола

Даври 1-ум

3 июл (шанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

20:45 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

5 июл (душанбе)

18:00 – Эрон – Узбекистон

20:45 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 3-юм

7 июл (шанбе)

18:00 – Узбекистон – Афғонистон

20:45 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед