Ҷоми миллатҳои Араб-2023: имрӯз тими миллии футзали Тоҷикистон бо Либия бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми миллатҳои Араб-2023: имрӯз тими миллии футзали Тоҷикистон бо Либия бозӣ мекунад

Имрӯз, 6 июн дар Арабистони Саудӣ мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Араб-2023 оид ба футзал оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» баромад мекунад. Рақибони тими миллии мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаҳои Либия, Арабистони Саудӣ ва Алҷазоир мебошанд.

Дастаи Пайрав Воҳидов имрӯз бо тими Либия вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

 

🏆 Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1

📅 6 июн (сешанбе)

️ Оғоз – соати 21:00 ба вақти Душанбе

🇱🇾 Либия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

Назари худро бинависед