Ҷоми КФО-2022: имрӯз КМВА ва «Нефтчӣ» бозӣ мекунанд. Биёед якҷоя артишиҳоро дастгирӣ кунем! – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2022: имрӯз КМВА ва «Нефтчӣ» бозӣ мекунанд. Биёед якҷоя артишиҳоро дастгирӣ кунем!

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе имрӯз, 30-юми июн, бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» баргузор мешаванд.

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бо барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта тими «Нефтчӣ» вомехӯрад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мешавад.

Тамоми мухлисони футболро барои дастгирии КМВА ба Варзишгоҳи марказӣ даъват менамоем! Ба артишиҳо муваффақият таманно дорем!

 

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «Е». Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

Оғоз – соати 22:00 ба вақти Душанбе

КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ