Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми июн дар доираи бозиҳои даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» бо тими «Дордой»-и Бишкек, қаҳрамони Қирғизистон рақобат мекунад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Телевизиони «Варзиш» ин вохӯриро мустақиман пахш месозад.
Барои баромадан ба даври баъдӣ «Хуҷанд»-ро ҳисоби мусовӣ ё бохт бо ҳисоби минималӣ қаноат мекунад.
Дар бозии имрӯза ба «Хуҷанд» барор таманно дорем!
Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи «F». Даври 3
30 июн (панҷшанбе)
Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
Бишкек, Варзишгоҳи Долон Омурзоқов