Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов бо сафари корӣ дар шаҳри Бишкек қарор дорад.
Дар рафти сафари худ Ҷалилов бо ноиби якуми президенти Иттиҳоди футболи Қирғизистон Нурдин Букуев мулоқот кард. Ноиби президенти ФФТ аз роҳбарияти Иттиҳоди футболи Қирғизистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Ғайр аз ин, ноиби президенти ФФТ аз фаъолият ва инфрасохтори якчанд иншооти футболӣ дар пойтахти Қирғизистон, аз ҷумла маркази тамринии «Мурас Юнайтед», варзишгоҳи «Достук Арена» ва Академияи миллии футбол боздид ба амал овард.