Нишасти матбуотии пеш аз бозиҳои даври дувуми Ҷоми КФО-2022 пагоҳ доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти матбуотии пеш аз бозиҳои даври дувуми Ҷоми КФО-2022 пагоҳ доир мешавад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 26-уми июн, дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе пеш аз бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. 

Дар ин чорабинӣ сармураббиёни бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва КМВА (Тоҷикистон) ва як бозигарӣ аз ҳар як тим ширкат мекунанд. Нишасти матбуотӣ соати 11:00 оғоз мешавад.

Барои маълумоти бештар ба рақамҳои зерин муроҷиат кунед: 918667387 (Фаридун Солиев).

 

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «Е». Даври 2

Вақт ва иштирокчиёни нишасти матбуотӣ:

«НЕФТЧӢ» (Қирғизистон) – соати 11:00

Сармураббӣ – Нурбек Жолдошов.

Бозигар – Арген Жуматаев.

 

«Алтин Асир» (Туркманистон) – соати 11:15

Сармураббӣ – Язгулӣ Хоҷагелдиев.

Бозигар – Маммет Оразмуҳаммадов.

 

«СӮҒДИЁНА» (Узбекистон) – соати 11:30

Сармураббӣ – Улуғбек Бақоев.

Бозигар – Шоҳрӯз Норхонов.

 

КМВА (Тоҷикистон) – соати 11:45

Сармураббӣ – Амин Субҳонӣ Холис.

Бозигар – Сергей Доронин.

Назари худро бинависед