Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов рӯзи 21 январ бо раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода вохӯрии корӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ онҳо дастгирии клуби футболи “Куктош”-ро аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Азизулло Исматзода, ки дар охири моҳи ноябр раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд, дастгирии пурраи дастаро изҳор намуд.
«Клуби футболи “Кӯктош” муаррифгар ва парчамбардори ноҳияи мо мебошад. Даста мухлисони зиёд дорад ва мо ҳамеша онро дастгирӣ хоҳем кард. Соли гузашта дастаро барои шомил шудан ба сегонаи беҳтарини қаҳрамонии Тоҷикистон ҳамагӣ як қадами дигар монда буд. Умедворам, ки имсол “Кӯктош” нисбат ба соли гузашта беҳтар ҳунарнамоӣ хоҳад кард», – гуфт Азизулло Исматзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, дар мулоқот бо роҳбарони Федератсия ва Лигаи футболи Тоҷикистон.