Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуданд

Довари марказӣ ва ёвари аввали довари бозии даври якуми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои «Парвоз» ва «Истаравшан» (2:2) аз ҳакамӣ маҳрум карда шуданд.

Имрӯз, 11 март Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи онлайнӣ баргузор кард, ки дар он шикояти «Истаравшан» бобати голе, ки дар дақиқаи 90+3-и бозӣ муқобили «Парвоз» ба дарвозаи онҳо зада шуд, баррасӣ гардид.

Пас аз таҳлили наворҳои ин ҳодиса Кумитаи доварони ФФТ ба хулосае омад, ки довари марказӣ Наврӯз Воҳидов дар дақиқаи 90+3 иштибоҳан голро ҳисоб кардааст. Ин хато дар ниҳоят ба ҷараёни бозӣ таъсир расонд ва рақобат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Бар асоси ин, Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки довари марказии бозии «Истаравшан» ва «Парвоз» Наврӯз Воҳидовро бо ёвари якумаш  Фаридун Маҳмадиев аз доварии бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон барои се давр маҳрум кунад.

Назари худро бинависед