Намояндагони Тоҷикистон – Давлатманд Исломов ва Фаррух Авезов дар бозии финали минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021, ки дар он “Насаф” (Узбекистон) ва “Аҳал” (Туркманистон) рақобат мекунанд, шахсони расмӣ таъин шуданд.
Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов бозии мазкурро ба ҳайси комиссар хизматрасонӣ хоҳад кард. Сардори шӯъбаи тибби ФФТ, духтури тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол” -и Душанбе Фаррух Авезов бошад дар ин бозӣ ба сифати намояндаи тиббӣ аз Конфедератсияи футболи Осиё фаъолият менамояд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии финали минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021 дастаҳои «Насаф» (Узбекистон) ва «Аҳал» (Туркманистон) вомехӯранд. Бозӣ рӯзи чоршанбеи 25 август, дар Варзишгоҳи марказии Қаршӣ баргузор мешавад.